АМАЛИ ХУНСУПОРӢ - БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ МАРДУМ. |
АМАЛИ ХУНСУПОРӢ - БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ МАРДУМ Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб хунсупорӣ ба саломатии инсон фоидаовар буда, он бемориҳои системаи рагҳои хунгард, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Тарғибу ташвиқи кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат намудааст, ки имрӯз сокинони кишвар аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият барои адои қарзи инсонии худ ба хунсупорӣ мераванд. Дар ин замина санаи 13 майи соли 2024 дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи хунсупорӣ бо иштироки фаъолонаи кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар маъракаи хунсупорӣ 120 нафар иштирок намуда, бо мақсади наҷоти беморон хун супориданд. Ин амал барои беҳдошти саломатии мардум ва муайян намудани вазъи саломатии онҳо аҳамияти калон дорад.
Баргаштан |
14-05-2024, 06:24 |