РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД.


                       РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД.

   Дар толори Чойхонаи «Шамсулло» рӯзи 15 майи соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид. Дар оғоз масъулин аз ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни баромадаш иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи оила муборакбод гуфта, қайд кард, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад. Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад". Сипас, бахшида ба Рӯзи оила аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд ва ҳамзамон аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия низ ба 8 нафар навхонадорон тариқи ройгон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертиро манзури иштирокдорон намуданд.


Баргаштан
16-05-2024, 14:56