БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» |
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» Рӯзҳои 13 - 14 майи соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Тутинисо Юсупова, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзо ва ҷамъи довталабони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия - «Адабиёти кӯдакону наврасон», «Адабиёти муосир», «Адабиёти классик», «Адабиёти ҷаҳон», «Эҷоди назм», ва «Эҷоди наср» баргузор гардид. Дар озмун 450 нафар довталаб, аз ҷумла 342 нафар духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 2 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, дар доираи талаботи тартиби озмун бобати аз худ намудани осори манзум ва мутолиаи китобҳо ва ғайра малака ва истеъдоди худро нишон доданд. Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбаст гардида, 41 нафар довталабон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Баргаштан |
17-05-2024, 15:29 |