ҲУНАР САРМОЯИ ЗИНДАГИСТ.


                                                             ҲУНАР САРМОЯИ ЗИНДАГИСТ

    Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон буда, устоҳои чирадасти он ба сохтани табақу кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбин машғул мебошанд. Табақҳо бошанд аз ҷиҳати сохту андоза гуногун: аз ҷумла, калону хурд, паҳн ё чуқур сохта ба истифода дода мешаванд. Аз рӯи назари устоҳои ин навъи ҳунар барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор ва зарбед истифода мешаванд, ки дар он бештар таомҳои миллӣ бардошта болои хон мегузоранд. Урунбек Буриев аз зумраи ҳунармандони табақтарошест, ки дар кӯчаи Шерозии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ истиқомат мекунад. Ӯ ҳамроҳи бародаронаш ба ин ҳунари аҷдодии табақтарошӣ машғул буда, мизоҷони зиёде доранд. Табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёи чӯбин алоқаманд аст. Ин ҳунар мутобиқи талаботи мардум ба номи табақи чӯбин то ба имрӯз фаъол мебошад. -Ҳунари табақтарошӣ аз бобокалонамон ба мо ҳамчун мерос мондааст ва ё инки ирсӣ мебошад.

Мо дар як ҳафта чор панҷ адад табақҳои намудашон гуногунро тарошида, дар бозорҳои ноҳия ва берун аз он ба фурӯш мебарорем ва аз ин ҳисоб ба буҷаи оила даромад меорем. Тарошидани табақ кори саҳлу осон нест, мо дар аввал дарахтро бурида, кундаи онро аз байнаш ду тақсим мекунем ва баъдан онро якчанд муддат ба об мегузорем, то ин ки тарошиданаш осон шавад. Дар анҷоми кор ба он чарбӯи гӯсфанд ё равғани зағир мемолем, ки ин табақро аз кафидан эмин медорад, - мегӯяд ҳаҳрамони имрӯзаи мо. Ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла табақтарошӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Қаҳрамони дигари мо Сайдуллоҳ Тоиров, истиқоматкунандаи ҷамоати болозикр буда, ӯ низ яке аз ҳунармандони бомаҳорати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳсуб ёфта, бо гаҳворасозӣ машғул мебошад. Сайдуллоҳ ду намуди гаҳвора - кандакорӣ ва гулкашӣ месозад, ки то ба имрӯз шогирдони зиёдеро дар ин ҳунар ҷалб намуда, онҳоро дар ин масир тарбия намуда истодааст. Бояд қайд дошт, ки маҳсули дасти ин ҳунарманд дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, ин ҳунарманди чирадаст бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидааст. Сайдуллоҳ Тоиров низ чун дигар ҳунармандон гавҳорасозиро аз падару бобоҳояш ба худ мерос ҳисобида, давомдиҳанда ин ҳунар мебошад. Ӯ мегӯяд, ки бори гарони зиндагиашро бо сохтани гаҳвора ва маблағи аз ҳисоби он бадастоварда пеш мебарад. «Устоҳои гаҳворасоз мавриди сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба кӯдакон изҳор медоранд. Ҳунарманд заҳмат харҷ намуда, кӯшиш мекунад, ки гаҳвора роҳатбахшу мунаққаш бошад ва ба тифл аз оғоз эҳсоси зебоипарастиро тақдим намояд. Мо гаҳвораро аз чӯби дарахтони бед, чинор, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозем. Марди соҳибҳунар ҳама вақт дар байни аҳли ҷомеа соҳиби мавқеи худ буда, ҷойгузини ҳама маъракаҳост», - қайд намуд дар интиҳои суҳбат Сайдуллоҳ Тоиров. Хулоса, ҳунармандӣ решаи хеле қадима дошта, аз насл ба наслу аз аср то ба аср гузашта то ба имрӯз расидааст. Хушбахтона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо мардум ба ҳунару ҳунармандӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бахусус, падару модарон талош меварзанд то аз хурдӣ ба фарзандони хеш ин ё он ҳунарро омӯзанд, зеро бузургон онро сармояи зиндагӣ мешуморанд. Шоҳснам АҶИКОВА, "Навиди Балх"


Баргаштан
23-05-2024, 09:50