ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ.


     

    ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ.

   Ба ҳолати соати 10:00-и 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бо  Ҷумҳурии  Қирғизистон  муноқишаҳои мусаллаҳона  идома  дошта,  қувваҳои  низомии  кишвари  ҳамсоя аз  тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони  дар  ихтиёрашон  қарордошта  деҳаҳои  наздисарҳадии  Тоҷикистон,  иншооти  мулкӣ  ва хонаҳои  истиқоматкунандагонро  таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд. Солҳои охир миёни Тоҷикистону  Қиризистон  муноқишаҳои  сарҳадӣ  зиёд   рух  медиҳанд,  ки  боиси  марги  чандин  тан сокинони  ҳарду  тараф  гардидааст.  Тоҷикону  қирғизҳо,  ки  садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона  доштанд,  солҳои  ахир  баъзе  ашхоси  қирғиз  тухми  кинаву  адоватро  миёни мардум кошта, мехоҳанд , қисми  марзи  Тоҷикистон  муноқишаҳои  сарҳадиро  роҳандозӣ  намоянд.  Ҳоло  он,  ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушахас гардидааст. 

    Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, чунин ҳолатҳо сабри  ин  миллати  куҳанбунёдро  лабрез  кардааст.  Тавре,  огаҳӣ  дорем муносибатҳо  дар сатҳи  олии  давлатӣ  хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Итминони комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ин муноқишаро ба зудӣ бартараф намуда, он сулҳу суботе, ки бо хуни ҷон ба даст омадааст нигоҳ медоранд. Мо ба  сиёсати  хирадмандонаи  Сарвари  муаззами  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон боварии комил дорем  ва  ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Мо аз шермардони Ватан мутмаин ҳастем, ки Ватанро аз ҳама нохалафон ҳифз менамоянд.

Қурбонов Шариф - мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.


Баргаштан
19-09-2022, 12:25