РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД.


                                     РӮЗИҶАҲОНИИФУТБОЛТАҶЛИЛКАРДАШУД.

          Рӯзи 25 майи соли 2024 нахустин маротиба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ қабул гардида буд, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва беш аз 300 кӯдакону наврасон иштирок доштанд. Сараввал, Исроил Шарипов суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид 25 май бо қабули қатъномаи махсус «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон карда шуд. Дар қатънома аҳаммияти варзиш дар руҳияи сулҳ, тафоҳум, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги дорои хусусияти муттаҳидкунанда мебозад.  Мавриди зикр аст, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон карда шавад. Пешниҳоди навбатии ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар иртибот ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ҳамовозии гарм пайдо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин муносибат ҳамоиш ва роҳпаймоиҳо баргузор шуданд. Ҳамин тариқ, 7 майи соли равон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд. Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ пешниҳодӣ ҳозир гардонида шуд.

 


Баргаштан
28-05-2024, 11:48