ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН. |
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН Рӯзи 5 июни соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ вохӯрии судманд бо фаъолони ҷамоати мазкур баргузор гардид. Масъулин зимни баромади хеш аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон, таъмини либосҳои ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз мушкилоти сайёра эмин нигоҳ доштани ҷомеаи башар пайваста ғамхориҳои беназир мекунанду дар қатори дигар халқу миллатҳо миллати худро низ ҳушдор месозад, ки дар ғафлат намонда, тавсияҳои муфидашонро тавассути фаъолону масъулон мерасонанд. Гуфта шуд, ки мо бояд маслиҳату амру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, баҳри амалӣ гардиданашон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем. Ҳамчунин дар ин рӯз масъулин аз вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва аз рафти корҳои ободонии Қасри фарҳангии ҷамоати болозикр дидан намуданд.
Баргаштан |
5-06-2024, 15:12 |