УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»


                                  УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

   Рӯзи 7 июни соли 2024 дар кӯчаҳои деҳаҳои Румӣ ва Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини ҷамоати мазкур усули "Хона ба хона" бо занони хонанишин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, хариду фурӯши одамон, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо хос набуда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, қонуншиканӣ ва ҷиноят дар байни занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар як шахс мебошад.

 

 


Баргаштан
12-06-2024, 06:56