ВОХӮРИИ СУДБАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД


     Санаи 4 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи саноату сохтмон Эшбуризода Баҳриддин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва имомхатибон вохӯрии судбахш баргузор гардид. Дар оғоз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва Ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад. Бояд қайд кард, ки эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ, пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ва устуворгардонии пояҳои устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Мавсуф инчунин оид ба амалӣ намудани корҳои ободонӣ ташкил ва баргузор намудани ҳашарҳои ҳарҳафтаинаи ободонӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки инсон тавассути ақли бузургаш муҳитро тозаву озода нигоҳ дошта, аз ифлосиву нопокиҳо эмин медорад. Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ноҳия ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост. Дар идома Қурбонзода Қурбоналӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ворид намудани тағйиру иловаҳо дар он андешаронӣ намуд. Зикр дошт, ки рӯзи 9 марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва дастур доданд, ки ба Қонуни танзим тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Бо назардошти ин тибқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 майи соли 2024, №1302 ва тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2024, №499 ба қонуни мазкур тағйироту илова ворид карда шуд. Ӯ ҳамчунин оид ба пӯшидани либоси миллӣ сухан гуфта, хусусан зикр дошт, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли таърих зебогиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард, зеро либоси миллӣ муаррифгари халқу миллат ба шумор меравад. Эҳтиром ба либоси миллӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ифодаи тамаддуни ҳар як кишвар аст. Мо, мардуми тоҷик, расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар дорем. Солҳои охир пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд гаштааст. Модарону хоҳарони мо ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо доир ба пӯшидани либоси миллӣ кушиш ба харҷ диҳанд. Сипас, муовини раиси ноҳия дар бораи сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати аскарӣ суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан буда, ҳар як ҷавони баномуси кишварро мебояд ба сафи Артиши миллӣ бипайвандад ва меҳани хешро ҳифз намояд. Воқеан, хизмат ба Ватан-модар қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Маҳз дар хизмати аскарӣ ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ба хубӣ меомӯзанд.


Баргаштан
30-07-2024, 11:55