БА ҲИФЗИ ВАТАН ОМОДАЕМ!


                                                БА ҲИФЗИ ВАТАН ОМОДАЕМ!

   Имрӯз  ҷавонони  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ вобаста ба миён омадани вазъи ноороми сарҳад дар марзи Қиргизистон бо баргузор намудани ҳамоиш ҷонибдории худро дар самти ҳимояи сарҳади Тоҷикистон иброз намуданд. Дар ҳамоиш ҷавонон амалҳои ноҷавонмардонаи сокинони ҳамсоякишвари Қирғизистонро маҳкум намуда,  бо  пайравӣ  аз  Пешвои  ҷавонпарвари  худ  мавқеи  устувори  худро  дар  ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон  изҳор  намуданд.  Дар  Муроҷиатномаи  қабулнамудаи ҷавонон даъват ба хифзи сарҳад, хизмат ба Ватан - Модар ва ҳифзи Ватан ба ивази ҷони худ тарғиб мешавад.


Баргаштан
19-09-2022, 12:49