БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ОБОДОНӢ. |
БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ОБОДОНӢ Рӯзи 6 июли соли 2024 ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни "Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ" ва амалишавии Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, дар тамоми қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ аз тарафи кормандони ташкилоту муассиса, идораву корхона, сокинони шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таври оммавӣ ба ҳашари ободонӣ баромада, назди биноҳои корӣ, хонаҳои истиқоматӣ корҳои тозагӣ амалӣ карда шуда, дар шоҳроҳи байналмилалӣ қад-қади роҳҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуд.
Баргаштан |
30-07-2024, 11:58 |