ТАШАББУСИ СОЗАНДАИ СОҲИБКОР |
Хурсандибахш аст, ки Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Қабул гардидани яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат -“Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин замина ҷиҳати вусъатбахшии раванди корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Умед Ҳаитов дар ҳамкорҳ бо Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар кўчаи Ҷомии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар масофаи 800 метр роҳ асфалтпўш гардида, мушкилоти роҳ барои нақлиёт ва сокинон осон гардид. Масъулин қайд доштанд, ки роҳсозӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии мушкилоти рўзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Баргаштан |
6-12-2024, 06:40 |