БИНОИ БАЛАНДОШЁНА - ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ |
Дар доираи нақшаи омодагиҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди иншоотҳои таъиноташон гуногун идома дорад. Дар маркази ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ва бо ташаббуси Абубакр Аҳмадхоҷаев - бародарони оилаи Аҳмадхољаевҳо бинои 7 -ошёнаи наву замонавӣ моҳи октябри соли ҷорӣ ифтитоҳ гардида, ба фаъолият оғоз намуд. Сохтмони иншоот аз моҳи марти 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расонида шуд. Айни ҳол дар таҳхона ва ошёнаи якуми иншоот маркази савдои «Балх» ба мардум хизматрасонӣ менамояд. Дар таҳхона фурўши либос, пойафзол ва олами кўдакон ба роҳ монда шудааст. Дар ошёнаи якум бошад, молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла хўрока ва ашёҳои техникӣ роҳандозӣ гардидааст. Шаш ошёнаи ин иншоот хонаҳои истиќоматӣ буда, хонаҳо аз як ва ду ҳуљрагӣ иборат аст. Дар қисмати болои иншоот «Пенхаус» сохта шудааст, ки ин ба ҳусни бино зебогии дигареро зам кардааст. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони чунин биноҳои баландошёна дар маркази шаҳраки Балхи ноҳия бомаром қомат афрохта истодаанд. Баргаштан |
6-12-2024, 06:52 |