ДИДОРБИНӢ БО САРБОЗОН |
Санаи 7 декабри соли 2024 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маводи хӯрока аз қабили равған, шакар, намак, орд, биринҷ, макарон, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, донагиҳо, обҳои ташнашикан ва дигар маводхои лозима кумак расонида шуд. Дар ин рӯз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ошхона ва ҷойи хоби Дидбонгоҳи мазкур дидан намуда, бо сарбозони қисми ҳарбии зикршуда вобаста ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардидани шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва дастгирии мунтазами онҳо суҳбат анҷом дод. Дар ин Дидбонгоҳи сарҳадӣ сарбозон аз гӯшаву канори мамлакат ва аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шарафмандона хизмат намуда, садоқату самимияти худро нисбат ба давлат ва арзишҳои миллӣ ба воситаи адои хизмати сазовор дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ифода менамоянд. Сарбозон ва роҳбарияти Дидбонгоҳ миннатдории бевоситаи худро ҷиҳати дастгирии доимӣ ба Ҳукумати мамлакат изҳор намуда, бо ифтихор баён доштанд, ки ба Ватан ва ба Пешвои муаззами миллат содиқанд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба сарбозон дастархони идона ороста шуда, баҳри фароғати онҳо барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод гардид. Баргаштан |
9-12-2024, 14:20 |