ИТТИЛОИЯ |
оид ба баргузории иҷлосияи бисту шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум. Санаи 13 декабри соли 2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷлосияи бисту шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз рўйи масъалаҳои зерин баргузор гардид: -Ҳисоботи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2024; -Дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети маҳаллӣ барои соли 2025; -Тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2025; -Масъалаҳои ҷорӣ. Дар ин рӯз масъалаҳои зикршуда баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Баргаштан |
13-12-2024, 13:58 |