БАРГУЗОРИИ ШЎРОИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯ


Санаи 11 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шўрои рушди соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини раиси ноњия Қурбонзода Қурбоналӣ-раиси Шўро, Шомирзоев Умед-мудири шуъбаи маориф, директорони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, иттиҳодияҳои методии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, англисӣ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.  

Аз руйи масъалаи Шўро ҳисоботи мудири шуъбаи маориф, директори маркази рушди истеъдодҳо, директори маркази ТИК ва директори муаассисаи таҳсилоти иловагӣ шунида шуд.

Қурбонзода Қурбоналӣ дар баромади худ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дар ҳоли рушд соҳаи маорифро яке аз афзалиятҳои асосии стратегии худ мешуморад. Дар солҳои охир, мо як қатор ислоҳоти муҳимро амалӣ кардем, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани дастрасӣ, фарогирӣ ва сифати таҳсилот дар ҳама зинаҳои таълим мебошад. Муҳимтарин дастовардҳо ва ташаббусҳои кишвари мо ин баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, ҷорӣ кардани барномаҳои махсус барои дастгирии духтарон дар таҳсил ва омӯзиши касбии омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосир ва беҳтар кардани шароити кории онҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ин замина таҳкими инфрасохтори маориф, баланд бардоштани сифати омӯзиш ва фароҳам овардани баробарии гендерӣ дар таҳсил ҳадафҳои асосии мост.

Дар Шўро, ҳамчунин масъалаҳои ҳавасмандгардонии хонандагони фаъол, иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо аз ҷониби директорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Баргаштан
13-12-2024, 14:10