БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТӢ |
Санаи 8 январи соли 2025 ҷаласаи навбатии комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласа аъзои комиссия дар бораи омодагиҳо барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва назорати раванди интихоботӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин рӯз мавзуъҳои асосии марбут ба тартиби гузаронидани интихобот, вазифаҳои аъзои комиссия, омӯзиши мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот дар бораи раванд ва қонунгузории интихоботӣ дастрас гардида, таъкид шуд, ки ҳама чораҳои лозима барои интихоботи озоду шаффоф андешида хоҳанд шуд. Азаъзои комиссия дархост гардид, ки дар раванди корҳои омодагӣ фаъолона ширкат намоянд ва нақши худро дар таъмини баргузори иинтихоботи одилона ва бо эътимод иҷро кунанд. Дар кори ҷаласа масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок доштанд. Баргаштан |
17-01-2025, 14:35 |