КӮДАКОН ДАР ОЗМУНИ РАСМКАШӢ САНЪАТИ ХУДРО НИШОН ДОДАНД


                              КӮДАКОН ДАР ОЗМУНИ РАСМКАШӢ САНЪАТИ ХУДРО НИШОН ДОДАНД

        Имрӯз, 24 феврали соли 2025, дар мактаби санъати бачагонаи ноҳия  Ҷалолиддини Балхӣ озмуни расмкаши беҳтарин баргузор гардид.

   Озмун бо ҳузури мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба ва директори мактаби санъати бачагона Мираҳмадзода Рустам, ки ҳадафаш ташвиқи маҳорати санъат ва сайқал додани тасвири кӯдакон мебошад, ташкил карда шуд. Дар озмун, хонандагони мактаби санъат дар жанрҳои гуногуни расмкашӣ, аз ҷумла тасвирҳои ҳарбӣ, табиат ва манзарҳо мусобиқа карданд. Дар фарҷом, ғолибони озмун бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд, ки ин амал барои таъмини рӯҳияи мусбӣ, илҳом бахшидан ба дигар хонандагон ва иштирокчиён муҳим аст. Кӯшишҳои хонандагон ва дастгирии онҳо аз ҷониби масъулин ба қадр расида, зарурати ташкили чунин чорабиниҳо дар оянда таъкид карда шуд.


Баргаштан
26-02-2025, 12:52