ШАНБЕГӢ ВА НИҲОЛ ШИНОНӢ САҲМИ ҶАМЪИЯТ ДАР ОБОДИИ НОҲИЯ


                               ШАНБЕГӢ  ВА НИҲОЛ ШИНОНӢСАҲМИ ҶАМЪИЯТ ДАР ОБОДИИ  НОҲИЯ 

   Бо мақсади зебо ва сарсабз гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аксияҳои шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳар ҳафта дар рӯзҳои шанбе бо иштироки фаъолонаи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон баргузор мегарданд.

  Рўзи 8 феврали соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот, назди корхонаву ташкилотҳо, инчунин дар шоҳроҳҳои марказии ноҳия шанбегӣ ва аксияҳои ниҳолшинонӣ бо ҷалби васеи аҳолӣ баргузор карда шуданд.

  Онҳо дар тозаву озода намудани кӯчаву гулгаштҳо, навсозии манзараи атрофии ташкилотҳо, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории тозагӣ саҳм гузоштанд.

  Дар ин рӯз, фаъолон ва иштирокчиёни шанбегӣ бошодиву хушнудӣ якҷоя башинонидани ниҳолҳои ҳамеша сабз ва гулу буттаҳо миқдори зиёде шиносоии табиати ноҳияро дар қаламрави шаҳру деҳот обод ва бозҳам зебо гардониданд.

 


Баргаштан
26-02-2025, 13:17