КАНДАНИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО ДАР ДЕҲАҲОИ ТАЛХЧАШМА ВА А. ДӮСТОВ |
КАНДАНИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО ДАР ДЕҲАҲОИ ТАЛХЧАШМА ВА А. ДӮСТОВ Таърихи 26 феврали соли ҷорӣ дар деҳаҳои Талхачашма ва А. Дӯстови Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки сокинон ва фаъолон, чорабинӣ барои кандани заҳбуру заҳкашҳо баргузор гардид. Масъулин қайд доштанд, ки ҳадафи аслии ин иқдом, ки таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ шуд, тозаву осоишта кардани муҳити зист ва пешгирӣ кардани хавфҳои экологӣ мебошад. Дар ин рӯз сокинони деҳаҳо ва аъзои ҷомеа даъват шуда, бо коркард ва бартараф кардани заҳкашҳо, заҳбуруҳои дар роҳи деҳаҳо монеаэҷодкунанда, саҳми муҳим гузоштанд, ки ин амал ба беҳбуди вазъи экологӣ ва беҳтаршавии шароити зисти аҳолӣ кумак мекунад. Таҳкими ҳамкориҳои байни сокинон ва мақомоти маҳаллӣ дар ин самт аҳамияти калон дорад ва ҳамин тавр, чунин иқдомҳо метавонанд барои рушди устувор ва беҳбудии деҳот саҳм гузоранд.
Баргаштан |
28-02-2025, 13:33 |