ВОХӮРИИ МУФИД БО ХОДИМОНИ ДИН |
ВОХӮРИИ МУФИД БО ХОДИМОНИ ДИН Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангомӣ вохӯрӣ бо ходимони дин, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд, 26 феврали соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинари омӯзишӣ оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ” баргузор гардид. Дар семинари зикршуда сардори шуъбаи таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Файзигул, дигар намояндагони ин кумита, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон Сафаров Умар, мудирон ва сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Носири Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти семинар омӯзишӣ масъулин оид ба гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ, баргардониданӣ шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар таъминоти ғайрирасмии динӣ гирифта истодаанд, инчунин тибқи талаботи моддаи 7, банди 3 оиди ба қайд гирифтани туйҳои домодиву арусӣ ва маросими дафну аъзодорӣ тариқи шабакаи электронӣ суханронӣ намуданд. Инчунин масъулин дар бораи муайян намудани оғози моҳи шарифи Рамазон суханронӣ намуда, имомхатибон ва дигар масъулинро вазифадор намуданд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, волоияти арзишҳои миллӣ, инчунин одобу ахлоқ, эҳтироми волида йн, кишту кори баҳорӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кӯдак”, илмомӯзии наврасону ҷавонон, расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби садақаи фитр, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.
Баргаштан |
28-02-2025, 13:47 |