ВОХӮРИИ АДИБИ ҶАВОН БО ХОНАНДАГОН


                                                        ВОХӮРИИ АДИБИ ҶАВОН БО ХОНАНДАГОН

   Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии адиби ҷавони ноҳия - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Кароматулло Садиров бо хонандагон доир гардид.Дар вохӯрӣ намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Бароталӣ Ғафуров, омӯзгорон ва хонандагони фаъол, ки аз ашъори  шоир шеърҳо аз бар намуда буданд, иштирок доштанд.  Дар оғоз директори муассиса Нуралӣ Давлатов суханронӣ намуда, қайд дошт, ки бо роҳандозӣ гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ” аз ҷониби раиси вилояти Хатлон, тасмим гирифтем, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ин иқдом ва баланд бардоштани завқи хонандагон ба китоб, аз ҷумла шеъру шоирӣ чунин вохӯриҳоро ташкил ва баргузор намоем. Сипас, хонандагон бо завқи баланди бадеӣ шеърхонӣ намуда, бо адиб дар бораи шеъру шоирӣ ва кору зиндагии ӯ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Диққати ҳамаи шоигирдонро ҷоизаи ин шоири ҷавон, ки аз Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даст оварда буд,  ба худ ҷалб мекард. Кароматулло Садиров аз заҳмату талошҳои худ ёдовар гардида, хонандагонро ба китобу китобхонӣ,  рӯ овардан ба омӯзиш ва аз бар намудани осори адибони классику муосир ҷалб намуда, ҳамзамон аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба хонандагон машваратҳо дода, инчунин онҳоро барои иштирок намудан дар озмунҳои гуногуни илмию зеҳнӣ роҳнамоӣ кард.


Баргаштан
3-03-2025, 08:35