“ҲАР САҲАР МЕХЕЗАМУ ЁДАМ БА ЁДИ МОДАРАМ”


                                               “ҲАР САҲАР МЕХЕЗАМУ ЁДАМ БА ЁДИ МОДАРАМ”     

   Таҳти чунин унвон бахшида ба “Рӯзи Модар” 5-уми  марти  соли  равон дар  толори  Китобхонаи  марказии  ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Шукурзода  Шаҳло, мудири  бахши  фарҳанг  Латифзода  Насиба, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷавоҳир Риоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Исматзода Саидшоҳ, директори китобхонаи  марказӣ  Салимзода  Наргис,  методисти  китобхона  Азизова  Лутфинисо  ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.


Баргаштан
6-03-2025, 09:32