ҶАВОНОН ДАР АРТИШ - ШАРАФИ МАРДОНАГӢ ВА ЁВАРИ АМНИЯТ


ҶАВОНОН ДАР АРТИШ - ШАРАФИ МАРДОНАГӢ ВА ЁВАРИ АМНИЯТ

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавон на танҳо як вазифа, балки як масъулияти бузург ва ифтихори миллӣ мебошад.   Хидмати ҳарбӣ дар кишварҳои гуногун нақши муҳим дар таъмини амният ва якдилии мардум мегузорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъала ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсиргузор аст.

 Бояд ҳамасола Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини суботи дохилӣ ва берунӣ омода бошанд. Бинобар ин, ҳисси масъулият ва мардонагӣ барои ҳар як ҷавони Тоҷикистон, дар ҳоле ки ба хизмати ҳарбӣ меравад, аҳамияти ҷиддӣ ва ватанпарастӣ дорад. Хизматчиён на танҳо барои адо кардани хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, балки барои таъмини амният ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ва таъмини суботи ҷомеаву шахсияти миллии хеш саҳм мегузорад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як вазифаи муқаддас аст, ки ба ҳар як аскар ифтихор ва шарафи бузург мебахшад. Онҳо на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар ҳолатҳои оташсӯзӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода низ ҳозир ҳастанд, ки барои муҳофизат кардани аҳолӣ ва муҳити зист ба кумаки давлат тайёр бошанд.

 Яке аз унсурҳои муҳим дар хизмати ҳарбӣ таълим ва тарбияи ҷавонон аст. Дар ҳудуди Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷавонон на танҳо малакаи низомиро омӯхта метавонанд, балки ба арзишҳои баланди одамият, ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ шиносоии амиқ пайдо мекунанд. Маълум аст, ки дар вақти адо кардани вазифаҳои низомӣ, шахсияти ҷавонон шакл мегирад, ки ин ба ҳисси ватандориашон таъсир мегузорад.


Баргаштан
8-04-2025, 14:06