ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


      ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ                                                          ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    4 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   таҳти   раёсати       Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1  Собирзода   Искандар   Миралӣ ҷаласаи васеи  Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи   ноҳия   баргузор  гардид.  Дар ҷаласа   аъзои   Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои  шаҳраку   деҳот,   имомхатибони масҷидҳои   ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа тибқи банди якуми нақшаи кори Шӯро  барои  соли  2025,  ҳолати риоя ва   татбиқи қонунгузории   амалкунанда  оид   ба   пешгирии экстремизми динӣ, терроризм ва дигар равияҳои ифротгароёна дар соли 2024 ва се моҳи аввали соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи рӯзнома, муовини прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2  Солиҳзода П.Р., муовини сардори ШВКД   Ҷумҳурии   Тоҷикистон     дар ноҳия Абдуллозода А.Ш. ва мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   Бобозода Ф.Б.,  вобаста ба  масъалаҳои ҷорӣ  баромад  карданд. Раиси    Шӯро, прокурори   ноҳия Собирзода И.М. дар суханрониаш таъкид намуд, ки таҳкими  Истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти кишвар, ваҳдати миллӣ, ягонагии миллат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум самтҳои муҳими сиёсати хирадмандонаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои   миллат, Президенти   Ҷумҳурии    Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. 


Баргаштан
15-04-2025, 08:37