"РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ" - ОМӮЗИШИ МАЛАКАҲОИ ҲАЁТӢ


          "РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ" - ОМӮЗИШИ МАЛАКАҲОИ ҲАЁТӢ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии сохторҳои масъул, таҳкими дониш ва малакаҳои касбии ҳайати роҳбарикунанда, омӯзгорон ва хонандагон, ҳамчунин санҷиши сатҳи омодагии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, санаи 11 апрели соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2024, №281 “Дар бораи нақша чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2025” амалӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи омодагии умумии ҷомеа нисбат ба вазъиятҳои ғайриинтизор мебошад.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов ва афсари бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, лейтенанти калон Суҳроб Одинаев иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои муҳим ба монанди роҳҳои дурусти рафтор дар ҳолатҳои фавқулода, тартиби эвакуатсия, истифодаи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва ёрии аввалияи тиббӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, омӯзгорон ва хонандагон дар машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ фаъолона иштирок намуда, малакаҳои амалӣ барои амал дар ҳолатҳои хатарнокро такмил доданд.

Ҳамчунин, дар байни хонандагони синфҳои 2 то 10 викторинаи таълимӣ баргузор гардид, ки дар он саволҳои марбут ба қоидаҳои мудофиаи гражданӣ, аломатҳои ҳолатҳои фавқулода ва тартиби амалиёт дар чунин ҳолатҳо баррасӣ шуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ имконият фароҳам меорад, ки насли наврас бо донишҳои ибтидоӣ ва муҳим дар самти мудофиаи гражданӣ ошно гардида, дар ҳолатҳои эҳтимолии хавфнок тавонанд амалҳои дуруст ва фаврӣ анҷом диҳанд.

Дар интиҳои чорабинӣ, иштирокчиён изҳори умед карданд, ки таҷрибаи дар ин рӯз омӯхташуда дар амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулода нақши муҳим хоҳад бозид.


Баргаштан
17-04-2025, 13:43