МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ЗАМИНАИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА РУШДИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯ |
МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ЗАМИНАИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА РУШДИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯ Субҳи имрӯз, бо мақсади татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби оммавии мардум ба варзиш, дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ машқҳои пагоҳирӯзии варзишӣ баргузор гардиданд. Дар чорабинӣ кормандон, мураббиён ва машқварзони мактаби варзишӣ иштирок намуданд. Ҳадаф аз ташкили чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ ин баланд бардоштани сатҳи худогоҳии мардум нисбат ба арзиши ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногун ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш мебошад. Машқҳо таҳти роҳбарии мураббиёни ботаҷриба баргузор шуда, ба ҳозирин руҳу илҳоми тоза бахшиданд. Қайд гардид, ки дар асоси сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори варзишӣ, таъсиси майдончаҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон пайгирона амалӣ гардида истодаанд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ баргузор гардида, намунаи беҳтарини ҳамбастагии иҷтимоӣ ва тарғиби солимии ҷомеа арзёбӣ гардиданд. Баргаштан |
22-04-2025, 12:29 |