МУАРРИФИИ БАРНОМАИ "АНДОЗИ МАН" ДАР МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ АНДОЗ


        МУАРРИФИИ БАРНОМАИ "АНДОЗИ МАН" ДАР МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

   Рӯзи 15 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муҳим бо андозсупорандагони маҳаллӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди корӣ сардори Раёсати хизматрасонии Кумитаи андоз Нурзода Ҷумахон, сардори шуъбаи хизматрасонии Раёсат дар вилояти Хатлон Солеҳзода Абураззоқ, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва сардори нозироти андози ноҳия Раҳмонализода Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯрӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва саводнокии андозии соҳибкорону кишоварзон баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба татбиқи қонунгузории андоз, тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ, бақайдгирии фаъолият, истифодаи технологияҳои муосир ва соддасозии низоми хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар доираи ин чорабинӣ мутахассиси соҳаи андоз бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла намоиши слайдҳо ва наворҳои фаҳмондадиҳӣ, тарзи истифода ва бартариҳои замимаи нави мобилии "Андози ман"-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ин барнома бо мақсади осонсозии ҳамкорӣ миёни андозсупоранда ва мақомоти андоз таҳия шуда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳисобу китоб ва пардохти андозҳо ба таври онлайн ва шаффоф истифода баранд.

Сардори Раёсати хизматрасонии Кумита Нурзода Ҷумахон зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсад аз роҳандозии чунин ташаббусҳо - афзоиши сатҳи эътимоди мардум ба мақомоти андоз ва фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, дар охири чорабинӣ миёни иштирокчиён ва масъулони мақомоти андоз баҳси озоди саволу ҷавоб сурат гирифт. Андозсупорандагон доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худ, аз ҷумла сабти ном, имтиёзҳо, тафтиши андоз ва низоми патент, саволҳои мушаххас пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва равшан дарёфт карданд.

Чунин вохӯриҳои мустақим бо соҳибкорон ва аҳли заҳмати соҳаи кишоварзӣ ҳамчун иқдоми муҳим ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва фаҳмиши дуҷониба арзёбӣ гардида, дар оянда низ бо фарогирии васеи гурӯҳҳои иҷтимоӣ идома хоҳанд ёфт.


Баргаштан
23-04-2025, 11:24