БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" |
БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" 18 апрели соли 2025, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, хониши сиёсӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳкими зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, китобхонӣ ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамчунин, дар рафти хониши сиёсӣ масъалаҳои татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар чорабинӣ Қадриддинзода Ф., котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Исматзода С., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, масъулини шуъбаи маориф ва директори муассисаи таълимӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар қисмати ниҳоии вохӯрӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 540 нафар, аз ҷумла омӯзгорон, хонандагон ва падару модарони онҳо дар хониши сиёсӣ ширкат варзиданд. Баргаштан |
Вчера, 07:20 |