БАРРАСИИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ РАИСИ НОҲИЯ |
БАРРАСИИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ РАИСИ НОҲИЯ 18 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ҷаласаи муҳим оид ба баррасии иҷрои супоришҳои раиси ноҳия баргузор шуд. Ҷаласа бо мақсади таҳлили иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар маҷлиси назоратии қаблан баргузоршудаи назди раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба масъулон дода шуда буд, баргузор гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони сохторҳои мухталиф, аз ҷумла роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои идеологӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ҳузур доштанд. Муовини раиси ноҳия дар рафти ҷаласа ба масъалаҳои муҳими ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаву ташкилотҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Қурбонзода Қурбоналӣ аз роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба иҷрои супоришҳои қаблан додашуда пурсиш ба амал овард. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузорӣ, беҳтар намудани сифати ҳуҷҷатгузорӣ, тартибу интизом дар сатҳи идоракунии маҳаллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳавӣ зоҳир гардид. Муовини раиси ноҳия барои ҳар як камбудие, ки дар рафти таҳлилҳо ошкор гардиданд, муҳлат ва масъулини иҷро муайян намуда, таъкид кард, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо бояд зери назорати доимӣ қарор гирад. Ин ҷаласа як марҳилаи муҳими таҳкими тартибу низоми кор дар мақомоти маҳаллӣ буда, нақши муҳим дар баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ дорад. Баргаштан |
Вчера, 11:44 |