ЧОРСӮ ТО ОБШОРОН: РОҲИ КУҲНА СИМОИ НАВ МЕГИРАД


                                    ЧОРСӮ ТО ОБШОРОН: РОҲИ КУҲНА СИМОИ НАВ МЕГИРАД

Имрӯз, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар ҳамкорӣ бо Идораи роҳсозии ноҳия корҳои мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳои Чорсӯ ва Обшорони Ҷамоати деҳоти Золи Зар оғоз гардид. Масири мазкур, ки 1600 метрро дар бар мегирад, солҳо боз дар ҳолати носоз қарор дошта, боиси нороҳатии сокинон дар мавсими боришот мегардид.

 Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ, таъмини амнияти ҳаракат ва осон кардани равуои ҳаррӯзаи аҳолӣ, ҳоло ин роҳ дар доираи нақшаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифтааст. Раиси ҷамоати деҳоти Золи Зар иброз дошт, ки ин иқдом дар посух ба муроҷиатҳои пайвастаи мардум ва бо дастгирии роҳбарияти ноҳия амалӣ гардида истодааст.

Ба иттилои масъулини соҳа, дар раванди корҳои мумфаршкунӣ техникаи муосир ҷалб гардида, марҳилаи аввал ба анҷом мерасад. Пас аз анҷоми пурраи лоиҳа, интизор меравад, ки роҳ на танҳо ба беҳбудии шароити зиндагии сокинон мусоидат кунад, балки имкониятҳои нави иқтисодиро барои деҳот фароҳам оварад.


Баргаштан
Вчера, 11:56