БАРҚРО САРФА КУНЕМ, ТО ФАРДО РАВШАН БОШАД! |
БАРҚРО САРФА КУНЕМ, ТО ФАРДО РАВШАН БОШАД! Дар замони муосир, ки рушди технология ва афзоиши талабот ба захираҳои энергетикӣ рӯз ба рӯз меафзояд, масъалаи истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ ба мавзӯи муҳими миллию байналмилалӣ табдил ёфтааст. Неруи барқ на танҳо шарти пешрафти иқтисодиёт, балки омили муҳим дар таъмини сатҳи зиндагии шоистаи мардум аст. Аммо, таҷриба нишон медиҳад, ки исрофи неруи барқ ба мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла камбуди он дар соатҳои сарбории баланд, паст шудани сифати хизматрасонӣ ва зиёд шудани хароҷоти буҷавӣ оварда мерасонад. Сарфакорӣ дар истифодаи барқ на танҳо як одати хуб, балки як маданият ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Бо дарназардошти вазъият ва ниёз ба танзими беҳтари масрафи барқ, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузорӣ тағйироти муҳим ворид карда шудаанд. Аз ҷумла: Муайян кардани меъёрҳои сарфаи неруи барқ - Бар асоси тағйироти нав, истифодабарандагон (хонаводагӣ ва истеҳсолӣ) уҳдадор ҳастанд, ки меъёрҳои муқарраршударо риоя намоянд. Аз ҳад зиёд масраф кардани неруи барқ метавонад боиси ҷаримабандӣ гардад. Ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ (смарт-счётчик) - Қонуни нав истифодаи васеи ҳисобкунакҳои рақамиро тарғиб мекунад, ки имкони назорат ва танзими масрафро осон месозанд. Ин иқдом шаффофияти ҳисобу китоб ва масъулияти бештарро таъмин менамояд. Ташвиқи истифодаи технологияҳои сарфакор – Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандоне, ки таҷҳизоти каммасраф ва сарфакорро истифода мебаранд, метавонанд аз имтиёзҳои андозӣ ва барномаҳои дастгирии давлатӣ баҳра баранд. Ҷорӣ шудани мафҳуми “исрофи барқ” дар қонун - Исрофи нерӯи барқ акнун ҳамчун амали ғайриқонунӣ дар назар дошта мешавад ва барои он ҷаримаҳо муқаррар шудаанд. Қонунҳо худ ба худ ҷомеаро дигар намесозанд, агар мо, шаҳрвандон ба иҷрои онҳо масъулона муносибат накунем. Истифодаи самараноки барқ бояд аз оила оғоз гардад: хомӯш кардани чароғҳои лозимнабуда, истифодаи лампаҳои каммасраф, назорати таҷҳизотҳои барқӣ ва таълиму тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи сарфакорӣ. Илова бар ин, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ низ бояд масъулияти иҷтимоии худро ҷиҳати сарфаи барқ дарк намоянд. Аз як тараф ин ба кам шудани хароҷоти корхонаҳо оварда мерасонад, аз ҷониби дигар сарбории системаи барқрасонӣ кам шуда, неруи барқ ба манотиқи бештар ва бо сифати беҳтар мерасад. Хулоса, тағйироти воридшуда ба қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика қадаме ҷиддӣ ба сӯи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ мебошад. Аммо муваффақият танҳо бо ҳимояти ҷомеа ва иштироки фаъолонаи ҳар як шахс дар амалишавии ин қонунҳо имконпазир аст. Сарфакор будан на танҳо талаботи қонун, балки нишонаи маданияти баланд ва масъулияти шаҳрвандии мост. Баргаштан |
18-06-2025, 15:02 |