"ҲИФЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ - ВАЗИФАИ ҲАР ШАҲРВАНДИ БЕДОРДИЛ"


                              "ҲИФЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ - ВАЗИФАИ ҲАР ШАҲРВАНДИ БЕДОРДИЛ"

Таҳти чунин унвон 30 майи соли 2025 дар Қасри фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳиме байни намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ҷамоат баргузор гардид. Дар ин рӯз муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Исматзода Саидшоҳ ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ карданд.

 Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ - баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва муқовимат бо таҳдидҳои фарҳангиву идеологӣ арзёбӣ гардид. Дар рафти мулоқот масъулин ба масъалаи нигаронкунандаи рӯз - тақлид ба фарҳанги бегона, махсусан дар байни ҷавонон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки тарзи либоспӯшии ҷавонҳо бояд ифодагари фарҳанг, ҳувият ва зебоипарастии мардуми тоҷик бошад.

 Пӯшидани либоси миллӣ ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва пос доштани суннатҳои қадимӣ муаррифӣ шуд. Масъулин ҳушдор доданд, ки тақлид ба мӯдҳои хориҷӣ метавонад ба фаромӯш шудани решаҳои фарҳангӣ ва заъиф гардидани худшиносии миллӣ оварда расонад. Дар баробари ин, масъалаи истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои маҳаллӣ, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки бо истифодаи дурусту мақсадноки ин захираҳо метавон на танҳо иқтисоди оилавиро мустаҳкам кард, балки саҳм дар амнияти озуқавории кишвар гузошт. Дар мисолҳои зинда таҷрибаи муваффақи сокиноне оварда шуд, ки замини наздиҳавлигии худро ба боғу сабзавотзор табдил додаанд. Ҳамзамон, дар фазои суҳбати ошкоро ва самимӣ, як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ - аз ҷумла сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, махсусан дар фасли гармӣ, баррасӣ шуд.

Масъулин бо далелҳои мушаххас зарурати риояи қоидаҳои сарфаи неру ва истифодаи дурусти таҷҳизоти барқиро тавзеҳ доданд. Дар қисмати охир масъалаи таҳдидҳои идеологии замони муосир, бахусус ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таъсири харобиовари он ба ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки бедории сиёсӣ, ахлоқи солим ва таҳкими маърифати динии дуруст метавонад ҳамчун сипари боэътимод аз чунин хатарҳо хизмат кунад. Мулоқот бо изҳори қаноатмандии сокинон ва пешниҳодҳои муфид аз ҷониби онҳо ҷамъбаст гардид. Ин гуна вохӯриҳо на танҳо воситаи мустаҳкам кардани робитаи мақомоти давлатӣ бо мардум, балки заминаест барои баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар.


Баргаштан
19-06-2025, 12:34