ВАРЗИШ БАРОИ ВАҲДАТ: ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ НОҲИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ |
ВАРЗИШ БАРОИ ВАҲДАТ: ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ НОҲИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 29–30 майи соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни дастаҳои ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо як руҳияи баланду идона баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия доир шуда, макони баргузории он толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 интихоб гардида буд. Дар ин мусобиқа 8 даста аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти гуногуни ноҳия ширкат варзида, беш аз 90 варзишгар – ҷавонони болаёқат барои нишон додани маҳорати худ ва ба даст овардани ҷоизаҳо бо ҳам рақобат намуданд. Рақобатҳо дар фазои дӯстона, вале бо руҳияи баланди варзишӣ ва эҳтиром ба қоидаҳои бозӣ сурат гирифтанд. Дастаҳо қабл аз ҳама, қобилияти ҳамоҳангӣ, техникаи волейбол ва масъулиятшиносии дастаҷамъонаро нишон доданд. Дар натиҷаи ду рӯзи рақобати ҷиддӣ, дастаҳои зерин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд: -Ҷойи якум: дастаи Ҷамоати деҳоти Золи Зар, ки бо бозии муттаҳид тавонист ҳамаи рақибонашро паси сар кунад; -Ҷойи дуюм: дастаи Ҷамоати шаҳраки Гулистон, ки то финал бо ҳунарнамоии хуб худро нишон дод; -Ҷойи сеюм: дастаи Ҷамоати деҳоти Ҳалевард, ки бо вуҷуди рақобати шадид маҳорати хуб нишон дод; -Ҷойи чорум: дастаи Ҷамоати шаҳраки Балх, ки ба даври нимфинал роҳ ёфта, бо бозии ҷолиб диққати мухлисонро ҷалб намуд. Ғолибон бо Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд. Ин ҷоизаҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия таъсис ёфта буданд. Ин чорабинӣ як бори дигар собит сохт, ки баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ на танҳо омодагии ҷисмонӣ ва солимии ҷавононро таъмин мекунад, балки воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, эҳтиром ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бо ибрози сипос аз роҳбарони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои иштироки фаъолонаи дастаҳояшон изҳори миннатдорӣ намуд. Инчунин, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ бо доираи васеъ ва сатҳи ташкилӣ боз ҳам беҳтар баргузор хоҳанд шуд. Баргаштан |
19-06-2025, 13:43 |