БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"


                                     БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

        9 июни соли 2025 бо мақсади тақвияти робитаи мустақим байни сокинон ва масъулони мақомоти маҳаллӣ дар деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ усули навбатии «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид. Дар ин вохӯрии саҳроӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва гурӯҳи масъулони соҳаҳои мухталиф иштирок намуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоти кушод доир карданд. Зимни суханрониҳо ва суҳбатҳои озод, таваҷҷуҳи асосӣ ба баррасии як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра равона гардид.

 Аз ҷумла, масъалаи таҳкими арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, аз байн бурдани истифодаи сару либоси ба фарҳанги мо бегона, инчунин таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор дошт. Ҳамчунин, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таъмини фазои солими иҷтимоӣ дар ҷомеа, тавсияву ҳушдорҳои ҷиддӣ дода шуд. Масъулин дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, идоракунии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва имкониятҳои худкифоии иқтисодӣ низ ибрози назар намуданд.

Дар баробари ин, ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқ шуда, нақши ин падидаи ватандӯстона дар таҳкими амнияти миллӣ таъкид гардид. Ин ташаббус, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва тақвияти иртиботи давлат бо ҷомеа сурат мегирад, дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ бо маром ҷараён дорад.


Баргаштан
23-06-2025, 13:36