АЗ ТАЪРИХ ТО КИТОБ: АРМУҒОНИ ФАРҲАНГӢ БА КӮДАКОН ДАР ОСОРХОНА


     АЗ ТАЪРИХ ТО КИТОБ: АРМУҒОНИ ФАРҲАНГӢ БА КӮДАКОН ДАР ОСОРХОНА

      31-уми майи соли 2025, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ “Рӯзи дарҳои кушод”-ро барои кӯдакону наврасон баргузор намуд. Ин иқдом бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва таҳкими завқи китобхонӣ миёни насли наврас роҳандозӣ гардид.

Дар ин рӯз даҳҳо кӯдаку наврас аз муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия ба Осорхона ташриф оварда, бо таърихи пурғановати халқи тоҷик, мероси гаронбаҳои ниёгон ва ашёву намунаҳои нодири осорхонавӣ аз наздик шинос шуданд. Барои кӯдакон экскурсияҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид, ки дар он роҳнамоён бо забони содда ва ба таври шавқовар доир ба ҳар як гӯшаи таърихӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

 Ҷиҳати қадрдонӣ аз меҳнати маънавии насли наврас ва ҷалби бештари онҳо ба ҷаҳонбинии фарҳангиву маърифатӣ, маъмурияти Осорхона ба ҳар як кӯдак маҷмуаи шеърҳои “Аз боғча ба мактаб”-и директори Осорхона Кароматулло Садировро ҳамчун туҳфа тақдим намуд. Ин маҷмуа, ки дар он шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзанда барои кӯдакони синни томактабӣ ва ибтидоӣ гирдоварӣ шудаанд, як навъ саҳм дар рушди ахлоқӣ ва рӯҳонии кӯдакон маҳсуб мешавад. Кароматулло Садиров, директори Осорхона зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд то кӯдакон на танҳо ба таъриху фарҳанги гузашта ошно шаванд, балки муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва завқи китобхонро дар худ рушд диҳанд. “Имрӯз насли наврас ба таваҷҷуҳи хос ниёз дорад.

Мо бо иқдоми тақдими китобҳо ба онҳо, дар амал собит месозем, ки фарҳанг ва илму маърифат воситаи муҳими рушд ва худшиносии насли ояндасоз аст. Хушбахтона, ин иқдом дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва дар доираи “Соли фарҳанги китобхонӣ”, ки барои соли 2025 эълон шудааст, амалӣ гардид,” - афзуд директори Осорхона Кароматулло Садиров.

 Мақсад аз баргузории “Рӯзи дарҳои кушод” на танҳо ҷалби кӯдакон ба муҳити фарҳангиву таърихӣ, балки бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ ва шавқу рағбат ба мутолиаи китоб мебошад. Ин иқдом намунаи равшани ҳамгироии соҳаҳои фарҳанг ва маориф буда, заминаи устувор барои тарбияи маънавии насли навро фароҳам месозад. Маъмурияти Осорхона иброз дошт, ки дар оянда низ баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар маркази диққати онҳо қарор хоҳад дошт.


Баргаштан
23-06-2025, 13:45