ҚАДАМИ ИНСОНПАРВАРОНА ДАР ОСТОНАИ ИД: КУМАК БА КОРМАНДОНИ НИЁЗМАНД |
ҚАДАМИ ИНСОНПАРВАРОНА ДАР ОСТОНАИ ИД: КУМАК БА КОРМАНДОНИ НИЁЗМАНД Дар остонаи иди саиди Қурбон, ки яке аз идҳои муҳими мусулмонон ба ҳисоб меравад, иқдоми хайрхоҳона аз ҷониби сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – Холзода Азизулло амалӣ гардид. Бо нияти дастгирии иҷтимоии кормандони ниёзманде, ки фаъолияти худро дар муассисаи тиббӣ анҷом медиҳанд, кумакҳои моддӣ расонида шуданд. Ин кумакҳо асосан аз маводи хӯрокворӣ иборат буда, ба кормандони камбизоат, аз ҷумла фаррошон, тақдим карда шуданд. Мақсади асосии ин иқдом - фароҳам овардани фазои идона ва расонидани дастгирии маънавию моддӣ ба онҳое буд, ки дар шароити иқтисодии душвор зиндагӣ доранд. Холзода Азизулло зимни супоридани кумакҳо изҳор дошт, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, бахусус дар рӯзҳои ид, яке аз вазифаҳои инсонӣ ва ахлоқии ҳар шахси масъул маҳсуб меёбад. Ӯ таъкид кард, ки чунин амалҳо ба таҳкими ҳамдилии ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани руҳияи кормандон мусоидат мекунанд. Кормандоне, ки кумакҳоро дарёфт карданд, миннатдории самимии худро ба роҳбарияти беморхона баён намуда, изҳор доштанд, ки чунин таваҷҷуҳ ба заҳмату шароити зиндагии онҳо руҳу илҳоми тоза мебахшад. Баргаштан |
23-06-2025, 13:56 |