АЗ ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ ТО ҚАТРАИ ОБ: ТАШАББУСИ НАВБАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР |
АЗ ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ ТО ҚАТРАИ ОБ: ТАШАББУСИ НАВБАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР Дар деҳаи Балхиёни Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббус ва маблағгузории сокинони маҳаллӣ корҳои сохтмони хати оби нӯшокӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом бо ҳадафи беҳтар намудани шароити зист ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ роҳандозӣ гардида, намунаи хуби ҳамбастагӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии сокинон мебошад. Ба гуфтаи фаъолони деҳа, сохтмони хати оби нӯшокӣ ҷавобгӯ ба талаботи муҳити зист ва ниёзҳои ҳаррӯзаи сокинон буда, дар амалисозии он на танҳо маблағи шахсӣ, балки меҳнату заҳмати бевоситаи мардум низ саҳм дорад. Ин иқдоми наҷиб нишон медиҳад, ки мардуми деҳа дарк мекунанд: беҳбудии зиндагии ҳар як шахс аз ташаббус ва иштироки фаъолонаи худи ҷомеа сарчашма мегирад. Масъулини ҷамоат низ аз чунин ташаббус истиқбол намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирии минбаъдаи лоиҳаҳои иҷтимоӣ изҳор доштаанд. Баргаштан |
23-06-2025, 13:59 |