ТАҚВИЯТИ НАЗОРАТИ ҚОНУНӢ: ҶАЛАСАИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ


                        ТАҚВИЯТИ НАЗОРАТИ ҚОНУНӢ: ҶАЛАСАИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ

            Рӯзи 10 июни соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатии васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки васеи масъулони соҳавӣ доир гардид. Раёсати ҷаласаро прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1, Собирзода И.М., бар зима дошт.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин шахсони масъул дар самтҳои дахлдор иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ду масъала баррасӣ гардид. Аз ҷумла, рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба энергетика ва замин. Прокурори ноҳия Собирзода И. М., зимни баромади худ таъкид дошт, ки истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар баробари зарари иқтисодӣ, хатарҳои иҷтимоиву ҳуқуқиро низ дар пай дорад.

Ӯ зарурати истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он аз ҷониби аҳолӣ ва муассисаҳоро махсусан таъкид кард. Баъдан, муовини прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2, Солиҳзода П.Р., масъалаи худсарона ишғол кардани замин ва паёмадҳои ҳуқуқии онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ӯ зикр намуд, ки чунин амалҳо на танҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, балки дар ҳолатҳои муайян ҷиноят низ арзёбӣ мешаванд ва бояд сари вақт пешгирӣ карда шаванд. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қ., низ дар ҷаласа суханронӣ намуда, доир ба роҳандозии тадбирҳои мушаххас дар сатҳи маҳаллӣ барои назорати истифодаи қонунӣ ва мақсадноки захираҳои давлатӣ, аз ҷумла замин ва нерӯи барқ, ибрози андеша намуд.

Сипас, сардори Идораи шабакаҳои барқи ноҳия Шокиров И., доир ба вазъи умумии таъминоти барқ дар минтақа ҳисобот дода, мушкилоти мавҷударо шарҳ дод ва вобаста ба роҳҳои бартарафсозии камбудиҳо, аз ҷумла таъмини муназзами барқ, коҳиши талафоти неруи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он, пешниҳоди чораҳои мушаххасро ироа намуд. Прокурори ноҳия - раиси Шӯро Собирзода И.М., дар охири кори ҷаласа аз вазъи ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дар бораи энергетика" ва иҷрои талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо мухлатҳо дода, талаб карда шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳои бетаъхирро роҳандозӣ намоянд. Бо ҳамин кори ҷаласаи Шӯро ба анҷом расида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.


Баргаштан
25-06-2025, 06:38