ТАДБИРҲОИ МУҲИМИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯ


                  ТАДБИРҲОИ МУҲИМИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯ

            Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷумла, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Гулистон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар канори кӯпрук бо маром ва пайгирона ҷараён доранд. Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирии хатари шуршавӣ ва вайроншавии заминҳои назди соҳилӣ, инчунин таъмини амнияти инфрасохтори роҳу кӯпрук амалӣ мешаванд.

 Корҳои мазкур зери назорати мақомоти маҳаллӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳа амалӣ гардида, истифодаи техникаи махсус ва масолеҳи сохтмонии ҷавобгӯ ба талаботи муҳандисӣ ба назар гирифта шудааст.

Айни ҳол, қисми зиёди корҳои таҳкими соҳил ва зери кӯпрук анҷом ёфта, васл ва маҳкамсозии деворҳои муҳофизатӣ идома доранд. Ба гуфтаи масъулони ҷамоат, татбиқи ин лоиҳа на танҳо барои муҳофизати кӯпрук ва роҳҳои мошингузар аҳамияти ҳаётӣ дорад, балки барои бехатарии сокинони маҳал низ муҳим аст. Инчунин, бо татбиқи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, замина барои рушди минбаъдаи инфрасохтор ва беҳдошти муҳити зист фароҳам мегардад.


Баргаштан
25-06-2025, 06:47