РЕДҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР НОҲИЯ: ТАЛОШ БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ КӮДАКОН


РЕДҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР НОҲИЯ: ТАЛОШ БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ КӮДАКОН

        Бо наздикшавии мавсими гармо ва афзоиши шомилшавии кӯдакон ба оббозӣ дар мавзеъҳои хатарноки обӣ, Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чораандешиҳои амалӣ ба роҳ мондааст. Бар асоси нақшаи кории бахш, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии наврасону ҷавонон дар обҳои кушод, гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис ёфтаанд.

 Ин гурӯҳҳо мунтазам дар мавзеъҳои соҳилии дарёҳо, кулҳо ва ҷӯйҳо рейдҳои муштарак анҷом медиҳанд. 17 июни соли 2025 чунин як рейди фаҳмондадиҳӣ бо иштироки фаъолони маҳаллаҳои наздисоҳилӣ баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ бо кӯдакон ва наврасон дар мавзеи осебпазир гуфтугӯ анҷом дода, онҳоро оид ба хатари шиноварӣ дар мавзеъҳои номусоид, обанборҳо ва кулу дарёҳо огоҳ карданд. Ин ташаббусҳо ҳаррӯза дар ҷараёнанд ва ҳадаф аз онҳо пешгирии талафоти ҷонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аст.

Ҳарчанд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо масъулият ва аз рӯи ҳассосият анҷом меёбанд, мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон нисбат ба гурӯҳҳои корӣ рафтори дағал ва ноэҳтиромӣ нишон медиҳанд, ки мақомот чунин рафторро ғайриахлоқӣ ва хатарзо арзёбӣ мекунанд. Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо эҳсоси масъулият ба ҳамаи сокинон ва меҳмонони ноҳия муроҷиат мекунад, ки фарзандонашонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки ба кӯдакон иҷозати гаштугузор ва оббозӣ дар мавзеъҳои хавфнокро надиханд, зеро хатар танҳо ғарқшавӣ нест, балки бемориҳои мавсимӣ ва сироятии обӣ низ метавонанд ҷони онҳоро ба хатар андозанд. Ташаббусҳои пешгирикунанда, агар аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ ёбанд, метавонанд даҳҳо ҷони кӯдаконро наҷот диҳанд.


Баргаштан
25-06-2025, 07:21