Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардошта парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маҷмӯаи варзишӣ ва иншооти таъиноти гуногун, ки дар майдони 25 гектар замин бунёд карда шудааст, ба истифода супориданд. Сипас дар ҳаминҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 64 метрро ташкил намуда, андозаи матои он 10 ба 20 метр мебошад.
Саҳни майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди гулгашти зебою назаррабо дилфиребу ҷолиб сохта, роҳрав ва сутунпояи ин муқаддасоти миллӣ бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шудааст. Баъди қомат афрохтани Парчами давлатӣ, намои зоҳирии боғ низ куллан дигаргун гашта, ба макони асосии гаштугузори мардум табдил ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд, баҳои баланд доданд. Майдони Парчами давлатӣ барои сайру гашт, истироҳати сокинону меҳмонон рӯзона ва шабона, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қомат афрохтани Парчами давлатӣ баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин собитгари гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллати тоҷик буда, дар бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии сокинон нақши ниҳоят бориз дорад. Баргаштан |
21-03-2022, 19:47 |