ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ


                                                    ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ

            Рӯзи 16-уми июли соли 2025 дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон байни кормандони соҳаи китобдорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов, директори китобхона Салимзода Наргис, методисти китобхонаи марказонидашуда Лутфинисо Азизова ва инчунин китобдорони филиалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳузур доштанд.

Тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда, Китобхонаи марказӣ дар давоми шаш моҳи соли 2025 барномаҳои кории худро муваффақона амалӣ намуда, саҳми назаррас дар тарғиби фарҳанги китобу китобдорӣ гузоштааст. Ин пешравиҳо дар соли 2025, ки дар вилояти Хатлон ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон шудааст, аҳамияти хосса доранд.

 Бино ба иттилоъ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи умумии хонандагони китобхона ба 21 ҳазору 160 нафар расидааст, ки 4 ҳазору 889 нафари онҳо хонандагони нав мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра ба хонандагон 41 ҳазору 928 нусха китоб пешниҳод гардидааст. Дар самти корҳои тарғиботиву маърифатӣ низ фаъолият чашмрас будааст.

Дар ин муддат дар маҷмӯъ 826 чорабинии гуногуни фарҳангиву маърифатӣ, аз ҷумла суҳбатҳо, вохӯриҳо ва озмунҳо доир гардида, дар онҳо беш аз 16 ҳазору 423 нафар иштирок доштаанд. Таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои давраи минбаъда низ дар ҷараён мебошад. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар китобхонаҳои марказӣ, бахши кӯдакона ва инчунин филиалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои марбут ба танзими хазинаи китоб, таҷдиди гӯшаҳои иттилоотии доимамалкунанда ва татбиқи нақша-чорабиниҳо бо масъулияти баланд иҷро гардида, дар рушди фаъолияти китобдорӣ саҳм мегузоранд.

Яке аз чорабиниҳои муҳим дар ин давра баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” буда, рӯзи 3-юми апрел дар толори хониши китобхонаи марказӣ бо шиори “Фурӯғи субҳи доноӣ...” доир гардидааст. Муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло зимни суханронӣ дар ҷаласа қайд кард, ки китоб яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои дониш ва маърифат буда, бояд барои таҳкими фазои фарҳангии ҷомеа ва баланд бардоштани нақши китоб дар ҳаёти шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Ӯ ҳамзамон аз саҳми арзандаи кормандони китобхонаҳо дар ин раванд изҳори сипос намуда, ба хотири боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти китобхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуд. Ин ҷаласа бори дигар собит кард, ки соҳаи китобдорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҷиҳати густариши маърифат ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги китобхонӣ нақши муассир мебозад.


Баргаштан
Вчера, 06:59