МАЪМУРА ГАДОЕВА - МОДАРИ ФИДОКОР ВА ПЕШҚАДАМИ СОҲАИ МЕҲНАТ |
МАЪМУРА ГАДОЕВА - МОДАРИ ФИДОКОР ВА ПЕШҚАДАМИ СОҲАИ МЕҲНАТ Модар – бо бузургии номаш муқаддас аст ва нурест бемисл дар зиндагии инсон. Ӯ таҷассумгари меҳру муҳаббати бегазанд, ғамхори беназир ва ноёбтарин ганҷинаи умри башар аст. Дар рӯзгори ҳар шахс модар нақше амиқу пойдор дорад, зеро ӯ аввалин муаллим, мураббӣ ва раҳнамо дар роҳи зиндагист. Яке аз чунин модарони фидокор ва меҳрубон, ки на танҳо дар тарбияи фарзандон, балки дар саҳнаи кору меҳнат низ фаъолияти назаррас нишон додааст, ин шахсияти барҷаста, зани заҳматкаш ва соҳибэҳтироми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - Гадоева Маъмура Қудратовна мебошад. Мавсуф санаи 13-уми апрели соли 1946 ба дунё омада, дар канори шавҳар ва фарзандонаш ҳаёти бобарору пурсаодатеро сипарӣ намудааст. Ин шахсият дар сафи яке аз модарони бузургвори тоҷик соҳиби 6 фарзанд - 5 писар ва 1 духтар гашта, тӯли ҳаёти сипаришуда 31 - нафар набераву абера дорад. Дар суҳбат модари меҳрубон, Гадоева Маъмура бо сари баланд аз ҳаёти пурсаодати худ ёд мекунад. Мо аз забони худаш қиссаҳои ҷолиби зиндагии меҳнатиашро шунидем. Хусусан, ёдҳои ширини солҳои ҷавониро чунин қисса кард: «Модарам говдӯш буданд ва ман низ роҳи модарамро идома дода, аз соли 1960, вақте синнам ба 18 солагӣ расида буд, ба ин касб рӯ овардам. Он вақт ман дар фермаи ширию молии №2-и колхози “Ленин” ба кори говдӯшӣ шуруъ кардам. Баъд аз хонадор шудан низ, якҷо бо ҳамсарам ҳамон ҷо фаъолият доштем». Ба гуфтаи холаи Маъмура, он замон дар фермаи мазкур 18-нафар зани говдӯш фаъолият доштанд, ки ҳар кадоми онҳо масъулияти нигоҳубини 20 сар гови ширдеҳро ба дӯш доштанд. Дар маҷмӯъ, фермаи мазкур дорои 4000 сар гов буд. Он замон бо шароити хуб ва таъминоти пурраи давлат фаъолият мекард. Ҳар рӯз се маротиба говҳо дӯшида мешуданд ва дар як сол нишондиҳандаҳои истеҳсоли шир аз 1800 литр ба 6000 литр расонида шуд. «Ширбарҳо ҳар рӯз ду маротиба омада, ширро ба шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе мебурданд. Маоши хуб медоданд ва ҳар 15- рӯз натиҷаҳои меҳнатиро ҷамъбаст карда, мукофотпулӣ медоданд. Дар як мусобиқаи ҷумҳуриявии говдӯшон дар шаҳри Душанбе иштирок карда, соҳиби ҷои аввал шудам», - бо ифтихор мегӯяд Маъмура Гадоева. Зиндагӣ ва заҳмати холаи Маъмура танҳо ба саҳми ӯ дар соҳаи кишоварзӣ маҳдуд нашудааст. Бо фаъолияти намунавии меҳнатӣ, муносибати нек бо мардум ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, соли 1972 ӯ ба ҳайси вакили мардумӣ интихоб гардида, дар қатори чеҳраҳои фаъол ва пешқадам қарор гирифт. Меҳнат ва хизматҳои арзандаи қаҳрамони мо беподош намонда, бо ордену медалҳои давлативу ифтихорӣ сарфароз гаштааст. Аз ҷумла, холаи Маъмура бо орденҳои «Байрақи Сурх», «Инқилоби Октябр», «Ленин», медалҳои нуқра, биринҷӣ ва тилло, ҳамчунин бо туҳфаҳои арзишманде чун мошинҳои сабукрави «Москвич» ва «Жигулӣ» қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, ӯ ба ҳайси вакил ба сафари хизматии хориҷӣ ба кишвари Булғористон фиристода шудааст. Имрӯз Маъмура Гадоева на танҳо як модари намунавист, балки ибрати занони заҳматкаш ва содиқ ба Ватан ба шумор меравад. Модар бо руҳи болида ва сари баланд аз умре ёд меорад, ки он умр бо меҳнату муҳаббат ба Ватан, ба мардум ва ба фарзандон сипарӣ шудааст. Баргаштан |
4-08-2025, 14:31 |