НИШАСТИ ХАБАРИИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ГАРДИД


                            НИШАСТИ ХАБАРИИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ГАРДИД

        Санаи 1 августи соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нишасти хабарии навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар нишаст муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони соҳавии раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору муассисаҳои ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Дар оғози нишаст муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ҳисоботи муфассалро оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2025 манзур намуд.

 Ба иттилои ӯ, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андозҳои иҷтимоӣ ба андозаи 111,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 74,4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 7,5 миллион сомонӣ бештар мебошад. Дар ҳамин давра, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 44,2 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсияҳо) ҷудо шудаанд. Қисми хароҷоти буҷет 99,0 фоиз иҷро гардида, аз 107,6 миллион сомонии нақшавӣ, 106,6 миллион сомонӣ масраф шудааст.

 Аз ҷумла, хароҷот ба бахшҳои зерин чунин аст: -идоракунии давлатӣ — 98%, -маориф — 100%, -тандурустӣ — 99%, -ҳифзи иҷтимоӣ — 95%, -хоҷагии манзилию коммуналӣ — 100%, -фарҳанг ва варзиш — 95%, -сохтмони асосӣ — 96%, -нақлиёт ва коммуникатсия — 100%, -дигар хароҷот — 100%. Муовини раиси ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳаҷми корҳои сохтмону васлгарӣ дар давраи мазкур 13 миллиону 709,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ҳаҷми 5997 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматии шахсӣ ба истифода дода шудаанд, ки 171,5 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024-ро дар бар мегирад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 12 миллиону 232,3 ҳазор сомонӣ анҷом ёфта, 145,6 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳанд. Дар идомаи нишаст зикр гардид, ки дар доираи иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 феврали соли 2022, № 50 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ин замина Қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 4 марти соли 2022, № 212 ба тасвиб расида, гурӯҳҳои кории дахлдор таъсис ёфтаанд.

Бар асоси нақша, то ҷашни 35-солагии Истиқлол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёду навсозии 340 бинову иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва саноат дар назар дошта шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 дар доираи ин барнома 43 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 31 адад (72,1% аз нақшаи солона) мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, аз 340 иншооти нақшавӣ 285-тоаш (яъне 83,8%) мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз шумораи умумии иншооти ба истифода додашуда: -104 адад ба соҳаи маориф, -18 адад ба тандурустӣ, -7 адад ба фарҳанг, -4 адад ба варзиш, -4 адад коргоҳҳои саноатӣ ва148 адад ба дигар соҳаҳо мансуб мебошанд. Дар қисмати охири нишаст рӯзноманигорон ба муовини раиси ноҳия оид ба масоили гуногун, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг, саноат ва кишоварзӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои муфассалу қаноатбахш дарёфт карданд. Нишасти хабарӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва таваҷҷуҳи дуҷониба анҷом ёфта, имкони муаррифии дастовардҳо ва баррасии мушкилоти мавҷуда фароҳам оварда шуд.


Баргаштан
6-08-2025, 09:08