ОМОДАГИИ ПУРРАИ МТМУ №48 БА СОЛИ ХОНИШ


                                      ОМОДАГИИ ПУРРАИ МТМУ №48 БА СОЛИ ХОНИШ

    Бо шурӯъ шудани омодагиҳо ба соли таҳсили 2025–2026 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тадбирҳои зарурӣ баҳри фароҳамсозии шароити мувофиқ барои хонандагон ва омӯзгорон хабар дод. Ба иттилои директори муассиса Фирӯза Мамадӯстова, дар доираи чорабиниҳо ва барномаҳои давлатии соҳаи маориф, ин муассисаи таълимӣ пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, шароити таҳсил дар он ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст.

Дар айни ҳол, муассиса дорои 20 синфхона буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти зарурии таълимӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд. Ҳамзамон, деворҳои атрофи муассиса низ бо услуби замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидаанд, ки ҳам барои таъмини амният ва ҳам зебоии зоҳирии муҳити таълим мусоидат мекунад.

Ин иқдомот дар доираи дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳаи маориф анҷом ёфта, ҳадаф аз он - фароҳам овардани муҳити солиму бехатар барои рушди зеҳнии насли наврас мебошад. Бо ин тартиб, муассисаи таълимии мазкур омодагии комили худро ба оғози соли нави таҳсил эълон намуда, интизор меравад, ки соли таҳсили 2025-2026 дар муҳити мусоиди омӯзишӣ оғоз гардад.

 


Баргаштан
9-08-2025, 09:00