РӮЗИ ДОНИШ: АҲАМИЯТИ СУЛҲ ВА ИЛМУ МАЪРИФАТ ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


   РӮЗИ ДОНИШ: АҲАМИЯТИ СУЛҲ ВА ИЛМУ МАЪРИФАТ ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

         Санаи 30 августи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло тамошои дастаҷамъии Дарси сулҳ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш амалӣ гардид.

Шукурзода Шаҳло аҳли омӯзгорон ва хонандагонро ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки дониш ва илму маърифат асоси пешрафти ҷомеа ва рушду тараққиёти давлат мебошанд. Ӯ аз омӯзгорон даъват ба амал овард, то дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон масъулияти бештар эҳсос намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба камол расонанд.

Ба хонандагон низ муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки дар роҳи ба даст овардани донишҳои муосир, навоварӣ ва таҳқиқи илм барқарор бошанд ва барои ояндаи худ талош намоянд. Баъдан дар толори муассиса тамошои дастаҷамъонаи Дарси сулҳ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори Рӯзи дониш ироа гардидааст, амалӣ гардид.

Дар суханрониҳои Пешвои миллат роҳҳои пешбурди соҳаи маориф, масъулияти ҷавонон дар пешрафти давлат ва зарурати таҳкими сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дарси сулҳ дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №16, Коллеҷи энергетикӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ низ тамошо карда шуд. Тамошои дастаҷамъонаи Дарси сулҳ ва ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва ташвиқи ҷавонон ба омӯхтани илмҳои муосир арзёбӣ гардид.

 


Баргаштан
Сегодня, 07:21