МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ - ХУДРО АЗ ХАТАРҲО ДАР ХОРИҶ МУҲОФИЗАТ НАМО


                    МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ - ХУДРО АЗ ХАТАРҲО ДАР ХОРИҶ МУҲОФИЗАТ НАМО

      Фаъолияти кории ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Русия пеш аз ҳама ба омодагии дурусти пешазсафарии ӯ вобаста аст. Барои он ки рӯзҳои зиндагӣ ва кори Шумо дар Русия бидуни мушкил гузашта, натиҷаи дилхоҳ ба бор оварад, зарур аст, то қоидаҳои асосии қонунгузории ин кишварро донед ва ҳатман риоя намоед. Пеш аз сафар ҷойи зист ва ҷои кори муайян дошта бошед. Ҳуҷҷатҳои асосӣ, аз ҷумла: шиносномаи хориҷӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷати хизмати ҳарбӣ, диплом ва шаҳодатномаи ронандагиатонро бо худ гиред.

Аз он сабаб, ки ин ҳуҷҷатҳо барои расмият додани иҷозаи кор ва ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ дар кишварҳои хориҷӣ муҳиманд. Хотиррасон бояд, кард, ки аз моҳи феврали соли 2024 растании «Ҳазориспанд» дар қаламрави Федератсияи Русия ба рӯйхати маводҳои дорои таъсири нашъадору психотропӣ ворид карда шудааст. Воридот ва истифодаи он, ҳатто барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ, қатъиян манъ аст. Барои вайрон кардани қоида, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Русия, ҷарима, маҳрум сохтан аз озодӣ ва барои шаҳрвандони хориҷӣ депортатсия пешбинӣ мешавад.

Агар шаҳрванд бо худ зиёда аз 10 дона банчаи растании “Ҳазориспанд” дошта бошад, ҷарима то 1 миллион рубли русӣ ё ҳатто, ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ то муддати як умр таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд ҳангоми сафар эҳтиёт бошанд ва бо худ чунин растаниро набаранд. Ҳамзамон, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025», ҳамагон вазифадоранд аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ намоянд. Шахсоне, ки бо баҳонаҳои гуногун (мусоидат дар ҷойи зист, таъмини хӯрок, либос ва маблағ) ба Шумо кумак мерасонанд, метавонанд аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ бошанд.

 Одатан онҳо тадриҷан ба боварии одамон даромада, сипас барои ҷиҳод даъват мекунанд. Агар чунин ҳолат рӯй диҳад, донед, ки бо ашхоси хатарнок сарукор доред. Муҳоҷироне, ки бе донистани забони русӣ, бе касбу ҳунар ва бе ҷои кори муайян ба Русия мераванд, бештар осебпазиранд ва хатари ҷалб шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ барояшон зиёд аст. Пеш аз сафар ба хориҷ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ё Маркази касбомӯзӣ ва забономӯзии шаҳри Бохтар муроҷиат кунанд. Дар ин муассисаҳо омӯзиши ройгони касбу ҳунарҳои зарурӣ - барқчӣ, челонгар, сохтмончӣ, сантехник ва ғайра, инчунин курсҳои забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, кореягӣ) бо тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст.

Омӯзиши чунин малакаҳо ба муҳоҷир имконият медиҳад, ки дар хориҷа ҷойи кори муносиб ёбад ва аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ эмин монад. Амирулло ДУСТЗОДА, сармутахассиси пешбари Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Баргаштан
19-09-2025, 14:53