САҲМГУЗОРИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МАРДУМ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН


               САҲМГУЗОРИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МАРДУМ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН

         Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни ҳол маъракаи пахтачинӣ бо суръати баланд идома дорад. Деҳқонон, ҷавонон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо эҳсоси баланди масъулият ва ҳамбастагӣ дар ин ҳашари оммавӣ ширкат намуда, саҳми арзандаи худро дар ҷамъоварии ҳосили имсола мегузоранд. Дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ки яке аз минтақаҳои пахтакории ноҳия ба ҳисоб меравад, ҳашари пахтачинӣ бо маром ҷараён дорад. Тибқи иттилои масъулини бахши кишоварзӣ, имсол бо дарназардошти таҷрибаи солҳои гузашта, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ, ҳосили пахта назар ба солҳои пеш зиёдтар ва хушсифаттар ба даст омадааст.

 Ҳашарчиён таъкид мекунанд, ки пахтачинӣ барои онҳо як маъракаи истеҳсолӣ ва рамзи ваҳдату ҳамбастагӣ мебошад. Ба гуфтаи сокинон, бо эҳсоси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ талош доранд, то ҳосили пухта сари вақт ва бидуни талафот ҷамъоварӣ шуда, ба анборҳо ва корхонаҳои коркард расонида шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ барои муташаккилона ва босамар гузаштани мавсим тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Ба хусус, барои ҷалби ҷавонон, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳолии деҳот шароити мусоид муҳайё гардидааст, то ки амалиёти ҷамъоварии пахта дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расад.

Ба назари коршиносон, ҷамъоварии пурраи пахта аҳамияти вижа дорад. Ин на танҳо барои таъмини ниёзҳои дохилӣ, балки барои афзоиши иқтидори содиротии ноҳия ва кишвар низ муҳим арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, истифодаи самараноки ҳосил метавонад заминаи рушди минбаъдаи иқтисодиёти маҳаллӣ ва мустаҳкамшавии мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии пахта таъмин кунад.

 


Баргаштан
19-09-2025, 14:55