МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ


                             МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ

          Коррупсия имрӯз яке аз хатарҳои ҷиддии асри муосир ба ҳисоб меравад. Ин падидаи номатлуб дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф шуда, ба амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии давлатҳо таъсири харобиовар мерасонад. Таъсироти коррупсия на танҳо ба соҳаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ маҳдуд намешавад, балки обрӯву эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад. Таърихи пайдоиши коррупсия хеле қадим аст.  Тадқиқотҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки нишонаҳои аввалини фасоди идорӣ ҳанӯз дар бойгониҳои Бобулистони қадим, тақрибан дар асри XIV то мелод, сабт шудаанд. Қонунҳои маъруфи Хаммурапӣ низ мавҷудияти ин зуҳуротро тасдиқ мекунанд. Дар замонҳои гузашта коррупсия бештар бо мафҳумҳои «фасод», «вайронкорӣ» ва «фурӯхтани мансаб» тавсиф мегардид ва ҳамчун сӯистифода аз мақом ба манфиатҳои шахсӣ маънидод мешуд. Ҷомеа дар ҳама давру замон афроди ба чунин амал дастзадагонро маҳкум мекард ва онҳоро ҳамчун таҳдиди суботи ҷамъият мешинохт. Дар таърих мисолҳои зиёде аз мубориза бо коррупсия вуҷуд доранд. Масалан, шоҳи рус Ивани IV, бо лақаби «Грозный», яке аз аввалин шахсиятҳо буд, ки барои порагирии зиёд ҷазои қатл ҷорӣ намуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлатдорони гузашта ҷиддиятро дар мубориза бо фасод хеле баланд медонистанд ва онро як вазифаи муҳимми ҳифзи ҳокимият ва адолат медиданд. Дар асри XX ва XXI, бо афзоиши ҷиноятҳои фаромиллӣ ва таҳдидҳои нав, ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур донист, ки муборизаи худро бо коррупсия ба сатҳи ҳамкории байналмилалӣ барорад.

Ин раванд дар соли 2003 бо қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия амалӣ гардид. Ҳуҷҷат дар ҷаласаи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ тасдиқ шуда, 9-уми декабри ҳамон сол дар шаҳри Мерида, Мексика, зимни ҳамоиши сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат мавриди муҳокима қарор гирифт. Конвенсияи СММ зидди коррупсия 14-уми декабри соли 2005 ба иҷро даромад ва то имрӯз 172 кишвари дунё ба он пайвастаанд. Санад аз 8 боб ва 71 модда иборат буда, ҳар як давлати аъзо ӯҳдадор аст, ки меъёрҳои онро дар қонунгузории миллӣ татбиқ намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 25-уми апрели соли 2006 Конвенсияро имзо намуда, 16-уми апрели соли 2008 онро ба таври расмӣ тасдиқ кард. Аз он замон ин санади муҳим ба як ҷузъи ҷудонашавандаи низоми ҳуқуқии кишвар табдил ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бе назорати ҷиддӣ ва муқовимати ҳамаҷониба, коррупсия метавонад асосҳои давлатдориро суст намуда, обрӯву эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад ва рушди устувори иқтисодиро боздорад.  Аз ин рӯ, мубориза бо фасод на танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ, балки вазифаи умумии тамоми ҷомеа, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки мубориза бо коррупсия бояд ҳамеша самти афзалиятноки фаъолияти давлат боқӣ монад. Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат моро водор месозанд, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кам кардани шиддати ин зуҳурот ва решакан сохтани он талошҳои пайгирона ба харҷ диҳем. Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки бо роҳи тақвияти қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ худро ҳамчун кишвари пешрафта ва озод аз коррупсия дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Танҳо дар сурати муборизаи муттаҳидона ва беамон метавон ба ин ҳадафи стратегӣ ноил гардид. Ҳасанализода САИДАКБАР, комиссари ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Баргаштан
22-09-2025, 08:09